Дар Душанбе вобаста ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва зарурати таҳсили ҷавондухтарон ҳамоиши омӯзишӣ-иттилоотӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар доираи амалишавии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» вобаста ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва зарурати таҳсили ҷавондухтарон ҳамоиши омӯзишӣ- иттилоотӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамоиш бо иштироки роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак тавассути мустаҳкам намудани заминаи қонунгузорӣ корҳои зиёде ба роҳ мондааст.
Ҳанӯз аз соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак аъзо гардида, ба ғамхорӣ ва кумаки кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 34 дарҷ гардидааст, ки «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд».
«Бо мақсади татбиқи ин меъёри конститутсионӣ дар ҷомеа аз 18 марти соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак » қабул гардид, ки он асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди камолоти маънавию ҷисмонии кӯдак тавассути маҷмуи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тадбир меандешад, зеро ҳар як кӯдак дар баробари дигар аъзои оила ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии ӯ зарур аст. Дар ин робита дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсии кӯдак бояд ҳифз карда шавад.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш, пеш аз ҳама, баланд баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак, пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо, хатар ва оқибатҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, инчунин зарурати таҳсили ҷавондухтарон аст, зеро оила, мактаб ва чомеа дар таъмини ҳуқуқ ва манфиати кӯдакон нақши муҳим доранд.
Дар ҳамоиш намояндагони шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илм ва Муассисаи давлатии «Маркази солимии репродуктивӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ибрози андеша намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар масофаи 900 метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
Дар даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» Давлатбӣ Каримова сазовори ҷойи аввал гардид
Дар Вазорати адлия хизматрасонии электронии тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавӣ бо QR-рамз ба роҳ монда шуд






