Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент ба кишти шолӣ оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар Панҷакент нахустин шуда, ба кишти шолӣ оғоз карданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Ба ин муносибат дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назаров бо иштироки роҳбарияти шаҳр, кишоварзони собиқадор, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шолипарварон ҷамъомад баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки заминҳои соҳили дарёи Зарафшон барои рӯёнидани ҳосили баланди шолӣ мувофиқ буда, ҳар сол домани заминҳои кишти шолӣ дар ин ҷо бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорон ва деҳқонон, вусъати корҳои соҳилбандӣ васеъ карда мешавад ва ин кор ҳоло, ки сатҳи оби дарё паст аст, бояд идома дода шавад.
Зимнан, имсол дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфиродии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар майдони 400 гектар, дар маҷмуъ дар шаҳр дар 2500 гектар шолии навъҳои «Нукус», «Регар», «Девзира», «Саразм», «Панҷруд» ва ғайра кишт карда мешавад.
Деҳқонон дар парвариши ин зироат таҷрибаи ғанӣ доранд ва соли гузашта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 64,2-сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Боздеҳи майдонҳои шолиро кишоварзони кордида ба 75-80-сентнерӣ мерасонанд.
Ба кишоварзон дар оғози кишт намунаи тухмии навъҳои серҳосили шолӣ, заҳрдоруҳо барои нест кардани алафҳои бегона ва касалиҳои ин зироат пешниҳод карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






