Дар Женева гузориши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ҳимоя карда шуд

Апрель 27, 2023 16:39

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 апрел дар иҷлосияи 109-уми Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария гузориши муттаҳидаи дувоздаҳум ва сенздаҳуми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ҳимоя карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» — ро мусбат арзёбӣ намуд.

Аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон посухҳои дахлдор ва омор дар асоси натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 вобаста ба амалинамоии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ва инчунин маълумоти муфассал доир ба пешрафт, навоварӣ ва ислоҳот, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, пешниҳод карда шуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки бо мақсади амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ ва амалинамоии тавсияҳои мақомоти СММ 19 июли соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» қабул карда шуд. Он асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имконияти баробарро барои ҳамаи шахсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, низоми ҳуқуқии пешгирӣ ва ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шаклҳои табъизро муқаррар менамояд.

Таъкид гардид, ки соли 2016 дар ҷумҳурӣ “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қабул гардид, ки мақсади он расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори башарият мебошад. Бо мақсади таъмин ва амалинамоии ин Стратегия дар доираи марҳилаи аввал “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”  бомуваффақият амалӣ гардид. Дар айни ҳол дар доираи марҳилаи дуюм “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” амалӣ шуда истодааст.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон механизми пешниҳод ва ҳимояи гузоришҳои миллӣ вобаста ба иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро воситаи муҳими назорати байналмилалии риояи ҳуқуқи инсон мешуморад ва бори дигар содиқ будани худро ба ин тартиб тасдиқ мекунад. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мунтазам андешидани тадбирҳои амалӣ ва таъсирбахш уҳдадориҳои байналмилалии худро софдилона иҷро менамояд.

Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ посухҳои ҳайати Тоҷикистонро роҷеъ ба саволҳо, пешниҳод ва омодасозии иттилоот мусбат арзёбӣ намуд.

Бояд гуфт, ки Кумитаи СММ оид ба рафъи табъизи нажодӣ аз 18 коршиноси мустақил иборат аст, ки онҳо назорати иҷрои муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъизи нажодӣ аз ҷониби давлатҳои аъзоро амалӣ менамоянд. Конвенсия ҷиҳати рафъи табъизи нажодӣ чораҳое пешбинӣ мекунад, ки давлатҳое, ки Конвенсияро тасдиқ кардаанд ё ба он ҳамроҳ шудаанд, уҳдадоранд иҷрои онҳоро таъмин намоянд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид