Дар Женева вохӯрии вазирони давлатҳои аъзои Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар Женева ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба иқтисоди Осиёи Марказӣ (SPECA) дар доираи ҷаласаи 70-уми Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ намояндагӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ибтикори СММ ва Комиссияи СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (UN ESCAP) баргузор шуда, зимни он масъалаҳои вобаста ба дурнамои асосии ҷустуҷӯи диверсификатсияи роҳҳои транзитӣ ва қабули Харитаи роҳ дар ин самт, мусоидат ба тиҷорату нақлиёт, рақамикунонӣ ва иқтисоди “сабз” дар минтақа, ҳамчунин таъсиси фонд ва котиботи SPECA баррасӣ шуд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдо гуфт, ки бо шарофати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин самтҳо дар ҷумҳурӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд.
Ҳамзамон мавсуф доир ба мавқеи ҷумҳурӣ бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ ибрози назар намуд.
Ҳамчунин ҷиҳати таҳкими ҳамкории минбаъдаи давлатҳои аъзои СПЕКА дар фарҷоми ҷаласа «Эъломияи вазирон» барои баррасӣ пешниҳод гардид.
Дар ҷаласа намояндагон ва коршиносони дигар созмонҳои байналмилалии муқими Женева иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳбарии СПЕКА-ро ба уҳда дошта, якчанд чорабинӣ, аз қабили Шӯрои роҳбарикунанда ва Форуми иқтисодии Барномаро баргузор менамояд.
АКС: Вазорати руши иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






