ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Ҷавонони матиниродаи шаҳри Роғун аз худ ташаббуси волои ватандӯстию садоқатмандӣ нишон доданд
РОҒУН, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҷавонони солҳои таваллуди 1996-2005 -и ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуда, зиёда аз 25 даъватшавандаро бо дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар медиҳад.
Дар ин маъракаи муҳим ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён гардида, аз тарафи Раиси шаҳри Роғун ба фарзандони онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Гуфта шуд, ки «хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарон пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Ҷавонони матиниродаи шаҳри Роғун аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нишон доданд».
Иброз гардид, ки «имрӯзҳо бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд».
Дар ҳамоиш ба як зумра наваскароне, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд. Дар охири ҷамъомад ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи ҳунариро пешкаши наваскарон намуданд. Рақсу шодии наваскарон ва дӯстону волидонашон чорабинии Рӯзи даъватшавандаро рангину хотирмон намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун










Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»






