ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Навдаъватони ноҳияи Варзоб ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҷалб гардиданд

Апрель 6, 2023 16:04

ВАРЗОБ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар майдони Парчами давлатии ноҳияи Варзоб  бахшида ба Рӯзи даъватшаванда таҳти унвони «Ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар яки мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст!» маросими тантанавӣ баргузор шуд. Дар он роҳбарияти ноҳияи Варзоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, даъватшавандагону волидайни онҳо иштирок намуда, зиёда аз 28 даъватшавандаро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  хабар медиҳад.

Масъулини ноҳияи Варзоб иброз доштанд, ки «мояи ифтихор ва сарбаландии мо аст, ки бо талошҳои Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати соҳибистиқлоламон соҳиби Артиши миллии бонизом гардид. Имрӯзҳо суханони Пешвои маҳбуби миллат тавонбахши руҳу ҷони ҳар фарзанди содиқ ба Ватананд, ки чунин гуфтанд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ору номуси баланди ватандӯстии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Зеро Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар яки мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст!»


Модарони навдаъватон миннатдории хешро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, изҳор доштанд, ки «мо фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, имрӯз барои ҳимояи Ватани азизамон бо дуои хайри модарона гусел намудем. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки фарзандони мо содиқона ватани азизамонро аз душман ҳимоя мекунанд».

Дар ҷамъомад ба як гурӯҳ наваскароне, ки курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд. Ҳамчунин иштирокчиёни чорабинӣ  машқҳои низомии сарбозонро   тамошо карда,  ба онҳо баҳои баланд доданд.

Чун анъана, дар анҷоми маърака маросими «Кулчагазон» доир гардида, баҳри болидахотирии наваскарон барномаи консертии санъаткорони  ноҳия баргузор шуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Апрель 6, 2023 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд