ФАРЗАНДОНРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Се ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ ғарқ шудааст
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта се ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ дар обҳои мамлакат ғарқ шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ҳодисаи фавқулода 23 апрел рух дода, ноболиғони 12, 13, 14-солаи ғарқшуда сокинони ноҳияҳои Варзобу Ёвони вилояти Хатлон ва шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо талоши кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.
Наҷотдиҳандагони Кумита барои пайдо кардани ҷасади духтарчаи 12-сола, сокини ноҳияи Ёвон ва писарбачаи 13-сола, сокини ноҳияи Варзоб субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯиро идома доданд.
Ғайр аз ин як сокини деҳаи Асбоби Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо се нафар дӯсташ дар минтақаи кӯҳии Чинордара истироҳат мекард ва аз баландӣ сарозер шуд. Дар бархӯрди шадид ӯ сахт захмӣ гашта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ фавтидааст.
Дар иртибот ба ин ҳодисаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми будубош дар минтақаҳои кӯҳӣ ва соҳили рӯдхонаҳо ба қоидаҳои бехтарӣ диққат диҳанд. Бачаҳоро беназорат нагузоранд, зеро дар натиҷаи бепарвоиву беназоратии волидон ин гуна ҳодисаҳои нохуши фоҷиавӣ ба амал меоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






