ФУТБОЛ. «Эсхата» ва «Ҳосилот» бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистонро бо ғалаба оғоз намуданд

Апрель 7, 2023 11:27

ДУШАНБЕ, 07.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел бо бозии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Вохӯрии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Эсхата» Мубинҷон Муминов ва Боҳирҷон Сангинбоев ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали Лигаи олӣ дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфт. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар меҳмонӣ дар шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0 бар 3 ноком гардида буд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҷадвали мусобиқа дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ҳоло пас аз ду ғалаба бо касби 6 имтиёз садрнишин аст. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз ду бохт дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа маскан гирифтааст. Ҳамчунин пас аз ду даври мусобиқа футболбозони дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар то ҳанӯз ба задани гол ноил нагардидаанд.

Дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи «Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 12 апрел дар варзишгоҳи «Спартак» доир мегардад. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври навбатӣ 12 апрел дар сафар бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад. Ҳамин тавр, дар даври сеюм мо шоҳиди бозии «дерби»-и вилоятҳои Суғд ва Хатлон мегардем.

Дар бозии дигаи даври дуюми Лигаи олӣ дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар сафар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дод. Голҳои дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро дар ин бозӣ Мусиси Фароук, Муродов ва Азизбоев ба нишон расониданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат ду бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Регар – ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 7, 2023 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд