ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад

Апрель 11, 2023 13:09

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври  сеюми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуда, то 12 апрел идома меёбад. Дар ин давр дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода,  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо    «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо дастаи  «Равшан»-и  шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад.

Чанд рӯз пеш бозии охири даври дуюми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни  дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе   ва «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ    дар варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланд   баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1  ба нафъи мизбонон анҷом ёфа буд.   Голҳоро аз  ҳайати дастаи  «Истиқлол»  Манучеҳр Ҷалилов ду маротиба ва аз ҳайати дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ Билол Сулаймонов ба нишон расониданд. Беҳтарин бозингари  вохӯрӣ аз ҳайати дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов эътироф гардид.

Хотиррасон мешавем, ки  6 апрел бо бозии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ба  анҷом  расид.

Вохӯрии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба нафъи дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд хотима  ёфт. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Эсхата» Мубинҷон Муминов ва Боҳирҷон Сангинбоев ба нишон расониданд.

Дар даври аввали Лигаи олӣ дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ба муқобили дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфт. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар меҳмонӣ дар шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 0 бар 3 ноком гардид. Ҳамин тавр, дар даври сеюм мо шоҳиди бозии «дерби»-и вилоятҳои Суғд ва Хатлон мегардем.

Дар бозии дигари даври дуюми Лигаи олӣ дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор дар сафар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби калони 3:0 шикаст дод. Голҳои дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархорро дар ин бозӣ Мусиси Фароук, Муродов ва Азизбоев ба нишон расониданд.

Дар ҷадвали мусобиқа  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пас аз ин ғалаба бо касби 6  имтиёз ва тафовути тӯбҳо дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт.  Ҳамчунин дастаи  футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  ҳам соҳиби 6 имтиёз буда, дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст. Бояд гуфт, ки ҳоло беҳтарин нишонзани мусобиқа пас аз даври дуюм  Манучеҳр Ҷалилов  аз дастаи  футболи   «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе ва Бахтиёр Зарипов аз  дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бо 3-голӣ  маҳсуб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки  Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварон ва нозирони бозиҳои даври сеюми мусобиқаи Чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олиро, ки 11-12 апрел баргузор мешаванд, таъйин кард.

Чемпионати Тоҷикистон-2023

Лигаи олӣ. Даври 3

11 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Ҳосилот» – КМВА

Довари марказӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Қурбонмурод Шарифов (Ҳисор).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Душанбе).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

11 апрел (сешанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Файзканд» – «Кӯктош»

Довари марказӣ: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

Ёварон: Сорбон Аҳмадзода, Тоҳири Баҳром (ҳарду аз Кӯлоб).

Довари эҳтиётӣ: Наврӯз Воҳидов (Вахш).

Нозири доварон: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

12 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Довари марказӣ: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Ёварон: Исмоил Нуралиев (Норак), Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб).

Довари эҳтиётӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Кӯшониён).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

12 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Эсхата» – «Хуҷанд»

Довари марказӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Акмал Бӯриев (Турсунзода), Насимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).

Довари эҳтиётӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доварон: Ориф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Хуҷанд, Варзишгоҳи «Спартак»

12 апрел (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Равшан» – «Хатлон»

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Сафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣ: Сӯҳроб Ҳамидов (Рӯдакӣ).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»        

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 11, 2023 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад