ФУТБОЛ. Низоми кумакдовар аз нимаи дуюми Чемпионати Точикистон-2023 ҷорӣ карда мешавад

Апрель 11, 2023 08:58

ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон аз нимаи дуюми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ низоми кумакдовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.  

Ҷорисозии низоми кумакдовар (VAR), ки мебоист аз бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оғоз мешуд, ба далели дермонӣ  дар интиқоли таҷҳизот ба таъхир афтод. Истеҳсолкунандаи таҷҳизот барои Тоҷикистон Slomo.tv аст, ки дорои литсензияи ФИФА мебошад.

Таҷҳизоти зарурӣ аллакай харида шуда, аммо аз ҷониби таъминкунандагон ба таъхир гузошта шуда истодааст. Вақти пешбинишудаи ворид шудани таҷҳизоти системаи кумакдовар аввали моҳи май мебошад.

Ба далели он ки Раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон то ҳол санҷиши амалии доваронро дар мавриди истифодаи системаи кумакдовар анҷом надодааст, тибқи талаботи ФИФА, истифодаи системаи кумакдовар VAR то нимаи дуюми чемпионат дар Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 11, 2023 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд