Гузаргоҳи гумрукии «Фотеҳобод/Ойбек» навсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои гумрукӣ, аз ҷумла гузаргоҳи «Фотеҳобод/Ойбек» дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода бо муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Мухторов дар гузаргоҳи гумрукии «Фотеҳобод/Ойбек» баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҳамзамон татбиқи барномаи мусоидати техникии рушди долони иқтисодии «Шимкент – Тошканд – Хуҷанд» ва барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) муҳокима гардид.
Мусоҳибон доир ба интиқоли мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон, ки солҳои охир мунтазам афзоиш меёбад, ибрози назар намуданд. Инчунин оид ба масоили марбут ба инфрасохтори наздисарҳадӣ, ки имкони танзими миқдори зиёди мусофирон ва нақлиётро надошта, ба навсозӣ ниёз дорад, мубодилаи афкор намуданд.
Гурӯҳи кории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз вазъи гузаргоҳҳои сарҳадии «Сардоб»/ «Зафар» ва «Зафаробод»/«Хавастобод» дидан намуд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






