ҲИФЗИ ПИРЯХҲО — ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳифзи пиряхҳо — омили рушди устувори иқтисодиёт»-таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки «конференсия дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир шуда, мавзуи обу иқлим чун масъалаи муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт. 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро роҳбарӣ намуданд, ки ин яке аз саҳифаҳои навин дар ҳаёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад».
Дар мавзуи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба бехатарии захираҳои обӣ» маъруза ироа гардида, гуфта шуд, ки имрӯз инсоният ба мушкилоти ҷиддӣ — норасоии об ё нобаробар тақсим шудани ин неъмати табиӣ гирифтор шудааст. Мояи хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо саъю талошҳои Пешвои миллат 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо қабул кард.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Тазаккур дода шуд, ки 92 дарсади оби Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар мамлакат солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво ба назар мерасад. Пиряхҳои аз ҳама устувор дар ҷумҳурии мо боқӣ мондаанд. Мутаассифона, солҳои охир аз сабаби зиёдшавии чангу ғубор обшавии пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 маротиба чангу ғубор рух дод, ки ба он бетаъсир намонд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ иброз намудаанд, ки «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол карда мешавад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи «сабз» мамлакати мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад».
Дар конференсия дар маҷмуъ 20 маърузаи илмӣ пешниҳод шуда, паҳлуҳои гуногуни ин масъала аз назари олимон ва муҳаққиқон баррасӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд






