Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд дар майдони 18,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд бояд дар майдони 18 ҳазору 500 гектар картошка кишт карда шавад. Аз ин нишондиҳанда 1 ҳазору 206 гектарро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи маълумот, то 12 апрел дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 4 ҳазору 91 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки 22,1 фоизи дурнаморо дар бар гирифта, нисбат ба соли пешин 269 гектар зиёд аст.
Дурнамои кишти картошкаи барвақтиро шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Панҷакент 100 фоиз таъмин намудаанд.
Тазаккур дода шуд, ки барои иҷрои дурнамо картошкаи тухмӣ, аз ҷумла навъҳои «Аладдин», «Кардинал», «Пикассо», «Редскарлет», «Кондор», «Нуринисо», «Янка», «Ғалла» ва «Биг-Роза» захира карда шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд






