Кормандони Раёсати БДА бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, вайрон намудани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бо мошинҳои шахсӣ ворид нагардидани донишҷӯён ба дарс ва шомл нашудан ба равияҳои ифротиву иртиҷоӣ доир гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Файзалӣ Қурбонзода хабар медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳои мамлакат бе натиҷа набуда, самараи мусбат медиҳад.
Ҳамзамон зимни чорабинӣ аз аҳли нишаст даъват ба амал оварда шуд, ки дар сурати мушоҳидаи ин ё он ҳолати вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон бетарафӣ ихтиёр накарда, бо Раёсати бозрасии давлатӣ автомобилӣ ҳамкории пайваста барқарор намоянд, зеро ислохи камбудӣ кори дастҷамъӣ дониста мешавад.
Дар фарҷом байни кормандони Раёсати бозрасии давлатӣ автомобилӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ саволу ҷавоб анҷом дода шуд.
АКС: Раёсати бозрасии давлатӣ автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






