Лигаи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Лигаи олӣ либос тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олӣ Лигаи футболи мамлакат барои дастаҳои асосӣ ва эҳтиётии бошгоҳҳо сару либоси варзишӣ тақдим кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар либосҳо рангҳои анъанавии нишонҳои ҳар даста ба назар гирифта шудааст. Маҷмуаи ҳар даста аз ду навъи либос барои дастаҳои асосӣ ва ҷавонон, инчунин намудҳои мухталифи танпӯшҳои варзишӣ, пироҳанҳои махсус барои тамрин, болопӯшҳо, пойафзол, сумкаҳои варзишӣ ва ғайра иборат аст.
Тамоми лавозимоти варзиширо ширкати испании «Joma» истеҳсол кардааст. Илова бар ин, ба ҳамаи бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои истеҳсоли ширкати «Molten» тақдим карда шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






