Лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Апрель 27, 2023 14:55

ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ, ташкилоти ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, олимону коршиносони соҳавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишаст баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати номбурда хабар доданд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2015 уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор барои давраи то соли 2030 бар дӯш гирифта, аввалин Шарҳи ихтиёрии миллии худро соли 2017 барои арзёбии ҳамгироии Рӯзномаи 2030 дар ҳошияи сиёсати миллӣ омода ва пешниҳод намуда буд. Вобаста ба дастовардҳо дар самти татбиқи босамари Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни давлатҳои аъзои СММ барои муаррифӣ намудани Шарҳи ихтиёрии миллӣ дар Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ тобистони соли 2023 интихоб шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои 2015-2021 суръати рушди иқтисодӣ ба сари аҳолӣ аз 3,6 фоизи соли 2015 то 6,9 фоиз дар соли 2021 зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то 23,2 фоиз дар соли 2021 коҳиш ёфт.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи арзиши иловашудаи соҳаи саноат дар ММД аз 15,2 фоизи соли 2015 то 23,9 фоиз зиёд шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ 3,5 маротиба, дар соҳаи саноати коркард ва саноат дар маҷмуъ зиёда аз 2 маротиба ва дар соҳаи энергетика зиёда аз 1,5 маротиба афзоиш ёфт.

Таъкид карда шуд, ки бо назардошти тамоюлҳои демографӣ афзоиши шумораи хонандагон дар ҳама сатҳҳои таҳсил ва хусусан таҳсили касбӣ дар ин давра аз тақвият ёфтани иқтидори низоми маорифи ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарони намояндагиҳои оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикони рушд натиҷаҳои фаъолияти муштарак оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро  баланд арзёбӣ намуда, вобаста ба ин масъалаҳо таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Дар анҷоми ҳамоиш вобаста ба бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилаи босамар бо оҷонсиҳои СММ изҳори омодагӣ карда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2023 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид