Маркази миллии тестӣ: Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шаффоф гузаронида шуда, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои он таъсир расонида наметавонад

Апрель 3, 2023 17:17

ДУШАНБЕ, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи раванду марҳалаҳои Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба довталабон шаффофиятро  кафолат медиҳад, чунин омадааст дар муроҷиатномаи махсуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар муроҷиатномаи мазкур инчунин гуфта шудааст, ки ҳар сол марказ дар марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба алоқамандони ин имтиҳонҳо муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин- пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ИМД ва таъкиди довталабон барои дуруст амал кардани онҳо дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳо аст. «Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монанд дар ИМД роҳ намедиҳад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад», — гуфта шудааст дар муроҷиатномаи марказ.

Бо вуҷуди ин ҳама, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Ҳаргиз набояд ба гапи қаллобоне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, фирефта шуд.

«Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад»,-омадааст дар иттилоияи марказ.

Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз ҳар яки шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳишмандем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед! Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!

Агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю нофаҳмиҳо вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан ба он тамоми тадбирҳои заруриро биандешад.

«Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозад»,- дарҷ шудааст дар ин муроҷиатнома.

Ҳамзамон марказ аз довталабон даъват ба амал меорад, ки агар аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, имкони анҷом додани амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин маврид иттилооти зарурӣ ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд балл баробар будани онҳоро донистани довталаб зарур аст. Бо огаҳӣ аз ин ки тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси балли соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тестии дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Баъдан аз рӯйи ин холҳо миқдори баллҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва баллҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян созад.

Инчунин гуфта мешавад, ки барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо истифода аз хизматрасонии «Худро бисанҷ» низ воситаи хуб аст.

Маркази миллии тестӣ аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамояд, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳм гузоранд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба марказ иттилоъ диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2023 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Дар Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд
Муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсия гузаронида шуданд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба рақамикунонии иқтисодиёт ҳамчун омили рушди устувор конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ густариш меёбад
Дар Душанбе конференсияи минтақавии лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисод дар Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика 18 медал ба даст оварданд
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули илми ватанӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор гирифт
Дар ноҳияи Панҷ бинои синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №1 сохта мешавад
Дар Чин оид ба ҳифз, рушд ва истифодаи фарҳанги суннатии Шоҳроҳи абрешим-2024 конфронси байналмилалӣ баргузорр шуд