«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ БАДАХШОН». Таҳти ин унвон дар Хоруғ ҳамоиши илмиву амалӣ доир шуд

Апрель 26, 2023 20:24

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  25 апрел бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ  таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Бадахшон» ҳамоиши илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Ҳамоишро намояндаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят ифтитоҳ намуда, аз нақш ва хизматҳои шоистаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории навини тоҷикон сухан гуфт.

Роҳбари  вилоят дар робита ба саҳми Пешвои миллат дар рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ёдоварӣ аз солҳои асри гузашта ва баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии мамлакат баён дошт, ки дар он давра вазъияти аз лиҳози сиёсӣ мураккабу фавқулода роҳбареро тақозо дошт, ки дорои сифату хислати хос ба пешвои воқеии сиёсию миллӣ буда, қобилияти қабули қарори фаврию дурустро дошта бошад. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалии хоси тоҷикона, дурбинии сиёсӣ, идроки пурраи қонунияти тараққиёти ҷомеа, ҳисси ҳолати равонию маънавии ҷамъият, бо истифода аз усулу роҳҳои оқилонаву сабуронаи ҳалли масоили давлатию ҷамъиятӣ тавонистанд рисолати таърихии худро иҷро намоянд. Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуда, имрӯз ташаббускори ҳалли масъалаҳои доғи рӯзи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Бадахшон, ки яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон мебошад, аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари ғамхор ва ватандӯсти худ қарор гирифт. Бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани вилоят нақшаи идомаи корҳо дар сохтмони роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма тарҳрезӣ, 144 км шоҳроҳ бунёд, навсозӣ ва барқарор гардида, 83 пул сохта шуда, мардуми заҳматкаши вилоят имкон пайдо намуд, ки тамоми сол бо дигар манотиқи мамлакат, аз ҷумла, бо пойтахти давлат-шаҳри Душанбе алоқаи коммуникатсионӣ дошта бошад. Дар маҷмуъ, барои сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилӣ ва пулҳо дар ҳудуди вилоят 2 миллиард сомонӣ масраф гардидааст.


Имрӯз бо маблағи зиёда аз 2,3 миллиард сомонӣ бунёди қитъаи шоҳроҳ аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи ноҳияи Рӯшон ба масофаи 92 километр идома дошта, лоиҳакашии шоҳроҳ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон идома дорад. Дар айни замон раванди корҳои сохтмонӣ дар НБО «Себзор»– и ноҳияи Роштқалъа бомаром идома дорад.

Бо дастгирии Сарвари давлат ба корҳои бунёдӣ ва таъмири иншооти низоми энергетикии вилоят беш аз 1,2 миллиард сомонӣ равона шудааст. Дар радифи корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ҳамчунин бо кумаки Президенти Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 90 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёду таъсис ёфта, ҳазорҳо шаҳрванд соҳиби ҷойи кор шуд. Дар доираи эълон намудани Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 30 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба истифода дода мешавад.

Роҳбарияти  вилоят дар мавриди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва амалӣ намудани стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди бесобиқаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба квотаи президентӣ фаро гирифтани духтарон аз деҳоти дурдаст, пешниҳоди грантҳо барои соҳибкорзанони фаъол, таъсиси корхонаву коргоҳ барои фаъолияти занон, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, вазъи сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон, дастгирии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлол ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёт ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки дар заминаи дастовардҳои бузург, ки мардуми  Бадахшон таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, дар робита ба эълони марҳилаи нави рушди бесобиқаи вилоят бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо меҳнату ташаббус ва иқдомҳои нав шаҳру ноҳия ва деҳоти Бадахшон боз ҳам зебою пешрафта гардонида мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 26, 2023 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.