Намояндагони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз иштирок мекунанд

Апрель 19, 2023 19:44

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрел тавсеаи ҳамкории ду давлатро  дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот иброз карда шуд, ки барои дар сатҳи баланд барқарор кардани ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ дар самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо бояд ҳарчӣ зудтар санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад. Дар айни замон лоиҳаи санади ҳамкорӣ дар баррасии ҷониби Арабистони Саудӣ қарор дорад.

Инчунин зимни вохӯрӣ Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе оид ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Риёз, ки баргузории он моҳи майи соли 2023 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода, даъват ба амал овард, ки намояндагони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок кунанд.

Роҳбарияти Кумита баён доштанд, ки намояндагони Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур омодагӣ гирифта истода, барои муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат тамоми тадбирҳо андешида мешавад.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки байни мақомоти дахлдори сайёҳии тарафҳо бояд вохӯрии маҷозӣ ташкил гардад. Барои анҷом додани ин кор масъул аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муайян шавад.

Роҳбарияти Кумита ба сафири Арабистони Саудӣ оид ба имтиёзҳои роҳандозишуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дод. Иброз карда шуд, ки сайёҳӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 19:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд