НАМУНАИ ИБРАТ! 40 нафар хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел карданд

Апрель 1, 2023 16:26

РАШТ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Мо, ҷавонон, пайравони Пешвои миллатем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар  майдони қисми ҳарбӣ  даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%,  Лахш 100%, Тоҷикобод 103%,  Нуробод 101% ва Рашт  зиёда аз 100  фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

Дар ҳамоиш  раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел карданд.

Дар ин маъракаи ватандӯстона зиёда аз 40 нафар  хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт бо масъулияти баланди ватандорӣ  барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел карданд.


Дар ин чорабинии идона корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт Маҳмадамин Қурбонов фарзандаш — Исмоилҷон Қурбонзодаро ба сафи Артиши миллӣ гусел кард. Маҳмадамин иброз дошт,  ки фарзандамро баҳри ҳимояи Ватани азизам бо хушнудию хурсандӣ сафарбар намудам.

«Бояд падару модарони азиз масулият ҳис намуда, барои ҳифзи нангу номуси миллиии хеш фарзандонашонро барои хизмати Ватан-Модар фиристанд ва қарзи мардонагии хешро дар назди Ватан иҷро намоянд», — тазаккур дод ӯ.

Дар ҳамоиши мазкур  ба 130  нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

Модари даъватшаванда аз ноҳияи Тоҷикобод Шарофат Искандарова изҳор намуд,  ки «имрӯз мо модарон аз он ифтихор менамоем, ки фарзандони мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон камари ҳиммат бастаанд ва ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд. Мо, занону бонувони ноҳияи Тоҷикобод сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия менамоем. Имрӯз мебинем, ки чӣ гуна фарзандони мо масъулияти ватандориро ҳис намуда, бо сари баланд ба сафи Артиши миллӣ шомил мегарданд».

Иброз гардид, ки моро зарур аст, доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва нагузорем авзои манфии зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон ба давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хавфу хатар эҷод намояд. Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад.

Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаи ҳаваскорони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои минтақа барномаи ҷолиби консертиро манзур карданд.

АКС: АМИТ «Ховар

Апрель 1, 2023 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст