Нишасти «Чин – Осиёи Марказӣ» моҳи май баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти «Чин-Осиёи Марказӣ» моҳи майи соли равон дар Сиан (Чин) баргузор мегардад, чунин омадааст дар иттилоияи рӯзи панҷшанбе нашршуда оид ба натиҷаҳои вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи «Чин – Осиёи Марказӣ». Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсин Ган дар ҷаласаи 4-ум раисӣ намуда, ба дастовардҳои таърихӣ ва пешрафти ҳамкории Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун ҳамсояҳои нек, дӯст, шарик ва бародар ишора намуд.
Дар ҷаласаи 3-юми вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи «Чин ва Осиёи Марказӣ», ки моҳи июни соли 2022 баргузор шуд, ҳама ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди мулоқоти сарони давлатҳо дар сиғаи «Чин — Осиёи Марказӣ» таъсис дода шавад.
Дар мулоқот вазирон барои нишасти дарпешистода омодагии ҳамаҷонибаи сиёсӣ гузаронида, қавл доданд, ки дӯстиро тақвият ва ҳамкории ҳамаҷонибаро густариш хоҳанд дод.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






