Оби аз ҷумак равон метавонад сабаби рушди бемории аутизм дар кӯдакон гардад
ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи таҳқиқоти наве, ки аз ҷониби олимони амрикоӣ ва даниягӣ гузаронида шуд, дар занони ҳомиладоре, ки оби аз ҷумак равони дорои миқдори зиёди литийро истеъмол мекунанд, хатари таваллуди кӯдаки гирифтори бемории спектри аутизм баланд аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «АЗЕРТАҶ» иттилоъ додааст..
Тавре ки «АЗЕРТАҶ» иттилоъ медиҳад, аз сабаби он ки литий қобилияти муътадил гардонидани руҳияи инсонро дорад, пайвастагиҳои муайяни литий кайҳо боз барои муолиҷаи ошуфтаҳолӣ (депрессия) ва ихтилоли биполярӣ истифода мешуд. Бо вуҷуди ин баҳсҳо дар бораи он ки оё модарон метавонанд ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои дорои литийро бехатар истеъмол кунанд, идома меёбанд, зеро далелҳои афзоянда вуҷуд доранд, ки он ба хатари баланди бачапартоӣ, нуқсонҳои дил ё нуқсонҳои таваллуд алоқаманд аст.
Истеъмоли оби бастабандишуда дар Дания яке аз камтарин амал дар Аврупо мебошад, даниягиҳо асосан оби аз ҷумак равонро менӯшанд. Дар мамлакат низоми боэътимоди ченкунии микроэлементҳо ва дигар моддаҳои ифлоскунандаи об низ мавчуд аст, ки ин кори тадқиқотчиёнро осон кардааст.
Пас аз хориҷ кардани омилҳои дигаре, ки метавонанд ба аутизм мусоидат кунанд, маълумот нишон дод, ки бо зиёд шудани сатҳи литий дар об хатари ташхиси аутизм низ афзоиш ёфтааст. Муҳаққиқон инчунин муайян кардаанд, ки робитаи байни сатҳи литий ва хатари аутизм дар шаҳрҳо нисбат ба онҳое, ки дар шаҳрҳои хурдтар ва деҳотанд, қавитар аст. Эҳтимол дорад, ки барои сокинони шаҳр вазъият банобар миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунандаи иловагӣ бадтар шавад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: «АЗЕРТАҶ»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






