ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН – МАНБАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конференсия доир шуд

Апрель 8, 2023 15:58

ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзуи «Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ» Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Конференсия тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати эълон гаштани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир шуда, дар он коршиносони соҳа ва кормандони сохторҳои маҳаллӣ, устодону хонандагони коллеҷ иштирок намуданд.

Аз ҷониби иштирокдорон дар мавзуъҳои «Тоҷикистон – макони пиряхҳои бузург ва обҳои зулоли минтақаи Осиёи Марказӣ», «Ҳифзи пиряхҳо ва аҳамияти он дар ҷумҳурӣ», «Қадр кардани захираҳои табиат, саҳм гузоштан дар кам кардани таъсиррасонӣ ба табиат», тозагии маҳал ва соҳил, инчунин иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» маърузаҳо шунида шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2023 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид