Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст»
ДУШАНБЕ, 27.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст.
Сарвари давлат дар ин робита ба масъулин барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супориш дода, таъкид намуданд, ки мо ҳамаи имкониятҳои зарурӣ, пеш аз ҳама, обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.
«Вилояти Хатлон дар ҳавзаи ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ қарор дошта, ҳамчун калонтарин вилояти ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, аз лиҳози кишоварзӣ чунин имкониятҳо нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат бештаранд ва кишоварзони вилоят бояд дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмин намудани бозори дохилӣ ва зиёд кардани содироти маҳсулот беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоянд»,- иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.
Пешвои миллат хотирнишон сохтанд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло амалисозии 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар ин раванд, дар 15 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд.
Бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакатро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд. Масалан, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад. Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад», — тазаккур доданд Роҳбари давлат.
Зимни суханронӣ Пешвои миллат изҳор доштанд, ки тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






