РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Хонандагони муассисаҳои таълимии Шуғнон бо фаъолияти милитсия шинос шуданд

Апрель 8, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мақомоти милитсияи вилоят барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шуғнон Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур- бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, огоҳӣ ёфтан аз шароити фаъолияти кормандони милитсия, таҷҳизоти ҳарбӣ ва омода шудан  ба хизмати Ватан-Модар  мебошад.

Зимни ҳамоиш хонандагони муассисаҳои таълимӣ нахуст бо фаъолияти Дастаи таъйиноти махсуси Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд. Дар ин ҷо  ҳайати шахсӣ  аҳамияти  яроқҳои муосир, аслиҳа ва  дигар муҳимотеро, ки баҳри  таъмини амнияту суботи мамлакат  ва хизмат дар  сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ба хонандагон шарҳу тавзеҳ дод.

Зимнан хонандагон бо мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ шинос шуда, аз тарзи идора намудани онҳо ҳангоми муҳорибаҳои ҳарбӣ,  истифодаи  чунин нақлиёт дар вақти омодабошии ҳарбӣ ва дигар рукнҳои Артиши миллӣ огоҳ гардиданд. Дар идома хонандагон аз тамоми утоқҳои алоҳида,  аз қабили толори варзишии Дастаи таъйиноти махсуси милитсия, ки тамрин ва намудҳои  машқҳои махсуси  тактикӣ-ҳарбӣ дар он ҷо ба роҳ монда мешавад, дидан карданд.

Барои хонандагон аз ҳама муҳиму диққатҷалбкунанда- ин дидани Маркази камераҳои назоратии шаҳри бехатар буд. Зеро дар ин ҷо камераҳои назоратӣ васл карда шуда, тамоми ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандон ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии дар ҳудуди шаҳр содиршуда аз марказ назорат ва ба қайд гирифта мешавад.

Чунин чорабиниҳо ҷиҳати омода намудани насли наврас ба хизмат дар сафи Артиши миллӣ мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи муҳаббат ба Ватан  ва муқаддасоти миллӣ тарбия менамояд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Бадахшон

Апрель 8, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад