РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Соли 2023 дар Тоҷикистон 25 кӯдакистони хусусӣ таъсис меёбад

Апрель 14, 2023 16:00

ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» соли 2023 дар Тоҷикистон таъсиси 25 муассисаи томактабии хусусӣ дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми мамлакат  дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ омӯхта, пешниҳоди худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.

«Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 39 Маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият менамояд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 171 ҳазору 416 нафар ё 16%-ро ташкил медиҳад», — иттилоъ доданд дар Вазорати маориф ва илм.

«Дар семоҳаи аввали соли равон дар вилояти Суғд 2 муассиса ва дар шаҳри Душанбе 1 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шуд», -иттилоъ доданд масъулин.

Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар се моҳи соли равон ба 707 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд гардидааст. Шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳо 102 ҳазору 525 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» тасдиқ гардид, ки дар доираи  он дар ду марҳила: солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар маҷмуъ 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ дар миқёси ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Бо амалисозии барномаи мазкур то соли 2027 фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ бояд ба 33 фоиз расонида шавад. «Ҳамчунин муассисаҳои таҳсилоти умумии томактабӣ ва умумии хусусие, ки сохта мешаванд, шакли алтернативии таҳсили томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ буда, дастрасии кӯдаконро ба таҳсили босифати ҳам томактабӣ ва ҳам миёнаи умумӣ ба амал меоранд», -шарҳ доданд дар Вазорати маориф ва илм.

Тибқи барномаи мазкур, заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили  муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз мушкилоти асосии зинаи томактабӣ- ин дар дараҷаи зарурӣ қарор надоштани маҳорати касбии мураббиён ба шумор меравад, ки ба сифати таълиму тарбия бетаъсир намемонад. «Бинобар ин, дар доираи иҷрои «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар семоҳаи соли 2023 бори аввал 381 корманди соҳаи томактабӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузашт, ки 56 фоизи нақшаи семоҳаро ташкил медиҳад», -гуфта шуд дар вазорат.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, нишондиҳандаи пасти фарогирӣ ба курсҳои такмили ихтисос аз ҳисоби кам будани фарогирӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (14,7%), филиалҳои он дар шаҳрҳои Кӯлоб (28,8%) ва Бохтар (46,4%) мебошад.

«Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур дар доираи амалишавии Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 339 мураббӣ ва 14 мушовири муассисаҳои томактабии шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои такягоҳӣ аз курсҳои омӯзишӣ мегузаранд», — иброз дошт манбаъ.

Бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисон Барномаи махсуси фарогирии усулҳои инноватсионӣ таҳия карда шуд, ки ба самаранокии омӯзиш ва такмили маҳорати касбии мураббиён мусоидат менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Паёми Президенти Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ба истифода додани зиёда аз 200 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назар аст
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 забони хориҷӣ омӯзонида мешавад
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва дӯстӣ» ҳамоиш баргузор гардид
1 январ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд
Дар ноҳияи Шоҳмансур 34 омӯзгор ва 697 хонандаи фаъол қадрдонӣ гардиданд
Таҳти унвони «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифи таърихи халқи тоҷик» конференсия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон омӯзиши забони ҳиндӣ баррасӣ гардид