РУШДИ САНОАТ. Фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ бо иқтидори нав ба кор оғоз намуд

Апрель 5, 2023 16:14

ДУШАНБЕ, 05.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Арвиз Зелал Текстайл»-и ноҳияи Мастчоҳ барои фаъол намудани коргоҳи дуюми ресандагию дӯзандагӣ харидории 50 адад дастгоҳҳои муосирро ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли 2022 дубора ба кор андохта шуд. Ба фабрика таҷҳизоти муосир ворид гардида, истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин фабрикаи бузург 200 нафар фаъолият дошта, дар он 250 ҷойи кории дигар муҳайё гардидааст.

Роҳбарияти вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар фабрикаи мазкур аз наздик шинос гардид.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва масъулини корхона барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дар оянда ба роҳ мондани​ истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби занону духтарон -сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия тавсияву супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки истифодаи иқтидори пурраи корхона​ барои бо ҷойи корӣ таъмин шудани аҳолӣ мусоидат намуда, ба корхона низ фоидаи хуб меорад ва дар ин зимн ба рушди пахткорӣ дар ноҳияи мазкур такони ҷиддӣ мебахшад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Апрель 5, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»