РУШДИ САНОАТ. Фабрикаи ресандагии ноҳияи Мастчоҳ бо иқтидори нав ба кор оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Арвиз Зелал Текстайл»-и ноҳияи Мастчоҳ барои фаъол намудани коргоҳи дуюми ресандагию дӯзандагӣ харидории 50 адад дастгоҳҳои муосирро ба нақша гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Фабрикаи ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони тоҷику турк охири соли 2022 дубора ба кор андохта шуд. Ба фабрика таҷҳизоти муосир ворид гардида, истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар ин фабрикаи бузург 200 нафар фаъолият дошта, дар он 250 ҷойи кории дигар муҳайё гардидааст.
Роҳбарияти вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар фабрикаи мазкур аз наздик шинос гардид.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо роҳбарияти ноҳия ва масъулини корхона барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дар оянда ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ҷалби қувваи корӣ аз ҳисоби занону духтарон -сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия тавсияву супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки истифодаи иқтидори пурраи корхона барои бо ҷойи корӣ таъмин шудани аҳолӣ мусоидат намуда, ба корхона низ фоидаи хуб меорад ва дар ин зимн ба рушди пахткорӣ дар ноҳияи мазкур такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд










Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад






