РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Суғд: Вазъи ногувори сомонаҳои расмии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз мушоҳидаҳои моҳҳои охир бармеояд, сокинони мамлакат аксаран дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо рафтори дағал, гуфтори зишт, муомилаву муносибати ғайри қобили қабул бо истифода аз телефони мобилӣ ҳодисаи рӯйдодаро ба навор гирифта, дар саҳифаҳои шабакаи иҷтимоӣ мегузоранд. Дар навбати худ мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҳодисаи мазкур вокуниши саривақтӣ ва касбӣ нишон медиҳад. Ба ин тартиб робитаи мустақим байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст, ки албатта самараи хуб медиҳад. Вокуниши фаврӣ эътибор ва обурӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар мамлакат баланд мебардорад. Акнун пурсида мешавад, ки то чӣ андоза мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо бо истифода аз сомонаи расмӣ дар шабакаи Интернет бо сокинони шаҳру ноҳияҳо робита доранд, онҳоро қабул менамоянд, Стратегияву Барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳотро муаррифӣ мекунанд, аз фаъолияти худу мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо хабару гузориш барои шаҳрвандон ҳисобот медиҳанд?
Хотиррасон мешавем, ки тартиби таҳия ва истифодаи сомонаи расмӣ тибқи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет амалӣ карда мешавад ва ба Қоидаҳои мазкур метавон дар сомонаи Маркази миллии қонунгузорӣ http://mmk.tj шинос шуд.
Мо нагӯем, кӣ мегӯяд?
Дар мақолаи қаблӣ оид ба ҳолати ташвишовари сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Роғун навишта будем. Ба масъалаи тадбирҳои андешидаи мақомоти ин шаҳрҳо нисбат ба сомонаҳои расмӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет мо ҳатман бармегардем ва вокуниши онҳоро доир ба ин масъала интизорем.
Ин навбат қарор додем, ки бо сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аз наздик шинос шавем (14 ва 15 апрел).
Вилояти Суғд аз ҷиҳати рушти соҳаҳои саноату иқтисод, кишоварзӣ, боғдорӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар нишондиҳандаҳо пешқадам шинохта шудааст.
Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд http://www.sugd.tj мисли сомонаҳои расмии шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Роғун сертификати муҳофизавӣ надорад. Шабакаи Интернет огоҳ мекунад, ки дар ҳолати надоштани сертификати зарурӣ шахсони бегона метавонанд мустақилона вориди сомона шуда, матни маводро таҳрир ва ё худи матнро иваз кунанд, илова ба ин бе иштироки маъмури сомона аксҳо гузоранд.
Дар сомонаи расмӣ дар гӯшаи хабарҳои рӯз -ду хабар аз 14 апрел ва ду хабар аз 13 апрел ҷойгир шудааст. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки маъмури сомонаи расмӣ ба масъалаи сари вақт гузоштани хабарҳо аҳамият медиҳад. Чунончӣ, дар бахши «Навид» ду хабар аз 10 апрел ва ду хабар аз 7 апрел гузошта шудааст.
Ҳамчунин дар саҳифаи асосии сомонаи расмӣ бахшҳои «саноат ва иқтисодиёт», «иҷтимоиёт», «кишоварзӣ», «сайёҳӣ ва ҳунармандӣ», «мақолаҳо» ҷойгир шудаанд.
Дар гӯшаи «саноат ва иқтисод» 4 хабар аст, ки тозатарини он моҳи феврали соли 2023 ва куҳнатаринаш моҳи декабри соли 2022 гузошта шудааст.
Хабарҳои бахши «иҷтимоиёт» низ моҳҳои январ-феврал навишта шудаанд. Хабарҳои бахши «кишоварзӣ» аз 22 феврал ва 12 январи ҳамин сол ва аз 22 декабр ва 10 декабри соли гузашта, хабарҳои бахши «сайёҳӣ ва ҳунармандӣ» аз 20 декабри соли 2022, 21 сентябри соли 2022, 30 августи соли 2022 гузошта шудаанд (яъне ин бахшҳо бо хабарҳои нав таъмин нашудааст).
Дар бахши «мақолаҳо» ҳамагӣ се мавод- «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад», «Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?», «Анҷумани саодат ва сӣ соли созандагӣ» ҷойгир шудааст.
Дар бахши «озмуни ҷойҳои кори холӣ» эълонҳо аз солҳои 2021 ва 2022 гузошта шуда, маълум нест, ки ҳоло ҳам он ҷойҳои корӣ холианд ва ё аллакай коргар қабул шудааст (агар эълонҳо аз соли 2023 мебуданд, шояд чунин савол пайдо намешуд – А.С.).
Мақолаҳои (дар қисмати болоии саҳифаи аввал) зербахшҳои соҳаҳои илм ва маориф, фарҳанг, тандурустӣ, савдо ва хизматрасонӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат ва энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила дар як рӯз – 23 ноябри соли 2021 навишта, дар сомона ҷойгир карда шудаанд. Ба назар чунин мерасад, ки пас аз навиштани 14 мақолаи зикршуда маъмури соҳаҳо сахт хаставу монда шудааст, ки аз ҳамон рӯзи 23 ноябри соли 2021 то 14 апрели соли 2023 (қариб 17 моҳ, яъне 500 рӯз) дигар ягон хабару гузориш пешниҳод карда натавонистааст.
Маъмурони сомонаи расмӣ дар бораи Раиси вилоят низ маълумоти носаҳеҳ нашр кардаанд: «…солҳои 1994-2016 дар вазифаҳои муовини сардори корхонаи «Сангбурӣ», сардори идораи робитаҳои иқтисодии берунӣ, муовини директори генералӣ ва директори генералии ҶС «Ленинободпромстройматериал»-и Хуҷанд кор кардааст». Ва дар идома навишта шудааст: «Солҳои 2009-2011 дар вазифаи раиси шаҳри Қайроққум (ҳозира Гулистон) фаъолият бурда, солҳои 2011-2012 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд буд. Аз соли 2012 то соли 2016 дар вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд кор кардааст». Ҳамин гуна хатоиҳои имлоӣ ва маълумоти номукаммал дар шарҳи ҳоли дигар нафарон дар бахши роҳбарияти вилоят низ ба назар мерасад.
Ҳолат дигаре, ки аз камбудиҳо дарак медиҳад, ин фаъол набудани рақамҳои нишондодашуда барои тамос гирифтан бо масъулин мебошад. Масалан, масъулони сомонаи расмии вилояти Суғд эълон намудаанд, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти соҳаҳои гуногун, фароҳам овардани зиндагии шоиста ва густариши робитаи мустақим бо аҳолии вилоят иқдоми нав роҳандозӣ кардаанд, ки корафтодаҳо метавонанд тавассути шабакаи Viber бо рақами 92 649-77-77 ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намоянд.
Дар ҳамин эълон омадааст, ки муроҷиатҳои сокинон сари вақт ба масъулини мақомоти давлатӣ расонида мешавад ва онҳо ҷиҳати бартарафсозии камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта кор мебаранд. Вале афсус, ки аз таърихи 13 апрел ба ҳамин рақами дар эълон овардашуда муроҷиат кардем ва инак панҷ рӯз боз касе ба саломамон дар шабакаи вайбер бо рақами 92 649-77-77 ҷавоб намедиҳад.
Ҳамин тавр, сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд дар назар зебо, ҷаззоб, муосир менамояд, аммо аз нигоҳи мутахассисон он ба талаботи Қоидаҳои ягона ҷавобгӯ нест.
Оид ба набудани мутахассисони соҳа ва ё нарасидани кадрҳо дар бахшҳои журналистика, бисёррасонаӣ, хабаргузорӣ, техникаи компютерӣ, амнияти итилоотӣ, истифодаи интернет роҳбарияти вилояти Суғд набояд лаб ба шикоят кушоянд. Зеро тамоми имконияту шароит барои тайёр кардани мутахассисони мазкур чӣ бо истифода аз мактабҳои олии мамлакат ва чӣ макотиби хориҷӣ дар вилояти Суғд мавҷуд аст. Давоми 6 соле, ки Қоидаҳои ягона қабул шуданд, на танҳо як-ду мутахассис, балки даҳ-бист мутахассисро метавон барои тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят тайёр кард. Ҳоло ки сухан аз боби шаҳру ноҳияҳои вилоят рафт, бо истифода аз сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба сомонаҳои шаҳру ноҳия ворид мешавем.
Ба сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ ворид шуда натавонистем, шояд чунин сомона умуман вуҷуд надорад. Зиёда аз ин шабакаи Интернет моро огоҳ кард, ки ворид шудан ба нишонии https://ayni.tj хатар дорад.
Сипас аз саҳифаи сомонаи расмии вилояти Суғд рафтем ба сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия Ашт http://mihdasht.tj. Масъулин ва маъмурони сомонаи расмии ноҳия Ашт аз талаботи Қоидаҳои ягона огоҳ нестанд, вагарна дар саҳифаи аввал бояд талаботи зерини Қоидаҳоро иҷро мекарданд:
Саҳифаи асосӣ дар хати амудӣ ба се қисм ҷудо гардида, дар он ҷойгир мешаванд:
а) дар қисми болоӣ:
— рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар кунҷи чап мутобиқи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 14 марти соли 2007, № 500 «Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
— номи сомонаи расмӣ — ном дар марказ ҷойгир карда мешавад;
— иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
— блоки навигатсионӣ бо тугмачаҳо: «Забонҳо» — интихоби шакли забонӣ, «Саҳифаи асосӣ» — гузариш ба саҳифаи асосӣ, «Харита» гузариш ба харитаи сомонаи расмӣ, «Тамосҳо» — гузариш ба саҳифаи маълумоти тамосҳои муфид, «Зерсохторҳо» — гузариш ба саҳифаи зерсохторҳои соҳавӣ, «Воситаи ҷустуҷӯ» — аз рост, ҷустуҷӯи иттилоотро дар сомонаи расмӣ таъмин менамояд;
б) дар қисми мобайнӣ:
— менюи навигатсионй;
— блоки навигариҳо, рӯйдодҳо, эълонҳо;
в) дар қисми поёнӣ: иттилооти иловагӣ — омори дастрасӣ, истинодҳои муфид (баннерҳо), қайду шартҳо дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии истифодабарандагон, дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф.
Дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ашт номи мақомот нест, балки расми боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гузошта шудааст:
Сомона бахшҳои русӣ ва англисӣ надорад. Дар рубрикаи «сайёҳӣ» бо сарлавҳаи: «Ашт: Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар аз 3 октябри соли 2022 гузошта шудааст (Шояд маъмурони сомонаи расмии н. Ашт байни хизмати ҳарбии ҳатмӣ ба Ватан-Модар, ки иҷрои он дар Конститутсия таъкид шудааст ва рушди сайёҳӣ, ки ҳадафи он ҷалби хориҷиён ва аз пайи он ҷалби сармоя ба буҷети мамлакат аст, фарқ намегузоранд?- А.С.). Хабарҳои дигари рубрикаи сайёҳӣ аз 9 июли соли 2018, 27 майи соли 2017 ва 7 феврали соли 2017 гузошта шудаанд.
Дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров http://gafurov.tj дар бахши роҳбарият тарҷумаи ҳоли раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода гузошта шудааст http://gafurov.tj/rohbariyat/rais/tarjumai-hol. Ҳол он ки Зафарбек Давлатзода аз моҳи январи соли 2023 Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ таъйин шудааст. Бо вуҷуди ин дар бахши роҳбарияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҳоло ҳисоботи собиқ раиси ноҳия гузошта шудааст: http://gafurov.tj/rohbariyat/rais/hisobot, яъне барои сари вақт ба навсозӣ ва такмилдиҳии маводи сомона тамоман аҳамият дода намешавад.
Дар сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Бӯстон http://buston.tj хабарҳои охирин аз 24 марти соли 2023 (6 хабар), аз 21 март, 20 март, 19 март, 18 март, 15 марти соли 2013 якхабарӣ гузошта шудааст. Дигар ягон гузориш ва ё мақолаи нав дар сомона баъд аз ҷашни Наврӯз гузошта нашудааст. Дар рубрикаи «хабарҳо» охирин хабар аз 9 феврали соли ҷорӣ гузошта шуда, рубрикаҳои «мақола», «санадҳо», «тамос», инчунин зербахшҳои «муовинони раиси шаҳр», «дастгоҳи раиси шаҳр», «қарорҳои раиси шаҳр», «роҳбарони воҳидҳои сохторӣ» холӣ (сафед) мебошанд.
Шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маркази вилояти Суғд ҷойгир мебошанд. Агар ҳоли сомонаҳои расмии ин шаҳру ноҳия чунин бошад, ки мо дидем, пас ҳолати сомонаҳои расмии ноҳияҳои сарҳадӣ ва дар минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ чӣ гуна бошад?
Дар мақолаи навбатӣ аз ҳолати сомонаҳои расмии дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавод таҳия карда, пешниҳод хоҳем кард.
Акрами САНГ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»