Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи ҶДММ “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд

Апрель 24, 2023 15:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба фаъолияти коргоҳи забҳи парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сафаров Холназар” оғоз бахшиданд.

Коргоҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2022-2026- Солҳои рушди саноат бунёд карда шудааст.

Масоҳати умумии иншоот 0,6 гектарро ташкил дода, аз долони қабули паранда, забҳхона, ҳуҷраҳои тозакунӣ, поракунӣ, банду баст, сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Технологияи васлу насбшударо, ки навтарин ва рақамӣ буда, тавассути компютер идора карда мешавад, бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи парандапарварӣ аз хориҷи мамлакат ворид кардаанд.

Ин якумин коргоҳи забҳи паранда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Дар заминаи ба кор андохтани коргоҳи мазкур беш аз 35 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.

Дар коргоҳ имкон аст дар як рӯз то 10 ҳазор сар паранда забҳ карда шавад. Сардхонаи иншоот аз 7 анбори мутобиқ ба талабот иборат мебошад ва сардӣ дар дохили ҳар кадоми он бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин мегардад. Барои дастрас намудани паранда ва интиқол додани гӯшти он то ҷои зарурӣ 7 нақлиёти махсус харидорӣ карда, мавриди истифода қарор додаанд. Ин намуди хизматрасонӣ бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо корхонаҳои парандапарварӣ ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди он ки бунёд гардидани чунин корхонаҳои замонавӣ дар зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сифатноки ватанӣ, хосса гӯшти паранда замина мегузорад, ба соҳибкор изҳори сипос намуданд.

Акнун парандапарварон дар минтақаи Бохтар имкон доранд аз хизматрасонии босифат дар самти забҳ ва банду басти паранда истифода намоянд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти гӯштии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Бохтар дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти ватанӣ пешкаш карда шуд. Тибқи иттилоъ, ҳоло дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 2 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ фаъолият мекунад. Корхонаҳо дар таъмини бозори истеъмолии минтақа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар дар амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат замина мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода, онҳоро ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватании дорои сифати баланд ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи коргоҳи забҳи паранда дар шаҳри Бохтар 24.04.2023

Апрель 24, 2023 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд