Сокинони ноҳияи Ашт ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Кӯҳистони Мастчоҳ 70 тонна семент кумак расониданд

Апрель 5, 2023 15:39

ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби сокинони ноҳияи Ашт ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 70 тонна семент кумак расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Иқдоми мазкур-расонидани кумак ба аҳолии бародари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ идома хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки чанде қабл дар пайи заминларзаи сахт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ якчанд адад иншооти ҳаётан муҳим ва хонаҳои истиқоматӣ осеб диданд, ки дар айни замон корҳои барқароркунӣ дар онҳо идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми қисми шимолу шарқи шаҳри Душанбе, километри 50-уми қисми шимолу ғарби минтақаи Рашт ва километри  96-уми шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар умқи 11 километр ҷойгир буд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт

Апрель 5, 2023 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад