Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025 татбиқ гардида истодааст

Апрель 26, 2023 18:08

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар доираи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ ва бо мақсади татбиқи минбаъдаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон  дар вилоят мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади асосии вохӯрӣ ошкор ва равшан кардани масъалаҳои муқовимат ба паҳншавӣ ва пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм, роҳу усулҳои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ мебошад.

Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба падидаи хатарноки ҷаҳони муосир – терроризм, нигаронӣ аз ҷалби ҷавонон ба зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм, дар бораи зарарҳои мудҳиши ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои ғайрианъанавӣ, ки аксар вақт боиси аз хона рафтан ва пайвастан ба сафи террористон мешавад, ибрози андеша намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки сиёсати давлат, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ нигаронида шудааст. Ва ҳамагон бояд тамоми кӯшишҳои худро дар роҳи пешгирии ифротгароӣ ва терроризм муттаҳид созем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят аз ҳайати шахсии Раёсат даъват ба амал овард, ки вазифаи ҳарбии худро софдилона иҷро намуда, дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2023 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид