СУТ даъват намудааст, ки давлатҳо бояд имконотро барои табобати безурётӣ тавсеа бахшанд
ДУШАНБЕ, 09.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз давлатҳо барои тавсеаи дастрасии аҳолӣ ба табобати босифат ва арзони безурётӣ чораҳои фавриро интизор аст. Тавре дар гузориши дар ин хусус нашршуда омадааст, дар саросари ҷаҳон бо мушкилии безурётӣ тақрибан 17,5 фоизи калонсолон дучор мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар додааст.
«Тақрибан 17,5% аҳолии калонсол, яъне тақрибан аз шаш як нафари он бо безурётӣ дучор мешавад, ки ин бозгӯи ба таври фаврӣ афзоиш додани имконият барои табобати босифати дастрас барои онҳоест, ки ба он эҳтиёҷ доранд», -иқтибос овардаанд аз муаллифони гузориш.
Ба гуфтаи коршиносон, ин нишондиҳандаҳо барои кишварҳои дорои даромади баланд, миёна ва паст муқоисашавандаанд, яъне сухан дар бораи мушкилоти ҷиддии тандурустӣ дар саросари ҷаҳон меравад, на ин ки дар кишвар ё минтақаи алоҳидае.
Дар давлатҳои дорои даромади баланд 17,8% калонсолон ва дар кишварҳои дорои даромади миёна ва паст 16,5% гирифтори безурётӣ мебошанд. «Ҳисобот ҳақиқати муҳимеро ошкор мекунад: безурётӣ дар байни одамон тафриқа намегузорад»,- гуфт директори генералии СУТ Тедрос Адҳаном Гебрейесус. — Далели он ки безурётӣ ба қисми зиёди одамон таъсир мерасонад, шаҳодати зарурати васеъ кардани имконот барои табобат ва таъмини он аст, ки ин масъала дар таҳқиқоти илмӣ ва сиёсат канор гузошта нашавад».
Дар гузориш гуфта мешавад, ки бо вуҷуди бузургии мушкилот, роҳи ҳалли пешгирӣ, ташхис ва табобати безурётӣ, аз ҷумла фанновариҳои ёрирасони репродуктивӣ, аз қабили бордоркунии экстракорпоралӣ (ЭКО) кам маблағгузорӣ мешавад ва барои бисёриҳо дастрас нест. Ҳоло дар аксари давлатҳо табобати безурётӣ аз кисаи шахсӣ маблағгузорӣ мешавад, ки аксаран ба хароҷоти фалокатовар бурда мерасонад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






