ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Доир ба он бо забонҳои хориҷӣ ҳамоиш баргузор гардид

Апрель 4, 2023 15:50

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 22 то 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти ҳамраисии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд баргузор гардид, дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки мутахассисони соҳа бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамоиши илмӣ — амалӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳ аз ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили об ёдовар гардид. Иброз дошта шуд, ки дастгирии пешниҳодоти Тоҷикистон ва қабули нуҳ қатънома дар ду даҳсола аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва раисии Президенти Тоҷикистон дар Конфронси ҷаҳонии сатҳи баланд мояи ифтихори кулли тоҷикон ва  нишонаи бузурги эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон аст.

Намояндаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ аз иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳо дар бораи ҳифзи муҳити зист, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Дар ҳамоиш намояндагони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои обу пиряхҳои мамлакат ва ҷаҳон бо забонҳои хориҷӣ ва слайдҳо маърузаи илмӣ пешниҳод карданд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа бо рӯнамоиҳои ҷолиб доир ба пиряхҳо, озмоишҳо ва оқибатҳои обшавии пиряхҳо суҳбатҳои судманд анҷом дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлатро дар ин самт саривақтию бузург ва мондагор номиданд.

Мояи ифтихор аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаро дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

Апрель 4, 2023 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд