ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБ ВА ИҚЛИМ. Дар ин мавзуъ конференсияи илмиву назариявӣ доир шуд

Апрель 4, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об ва иқлим» бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳи мазкур хабар медиҳад.

Дар кори конференсия як зумра олимону коршиносон иштирок  карданд. Гуфта шуд, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки моҳи декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, саривақтиву муҳим ба ҳисоб меравад. Ин иқдом ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ҳарчи зиёдтар талошу кӯшишҳои худро ба ҳалли мушкилоти марбут ба об равона созад.

Дар идомаи конференсия дар мавзуи «Пиряхҳо ва масъалаҳои ҳифзи он», «Аҳамияти сиёсиву байналмилалии ташаббусҳои Пешвои миллат дар шароити замони муосир» ва «Нақши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати хориҷӣ»  маъруза карда шуд.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолии давлатӣ барои муаррифӣ ва рушди ҳамаҷонибаи худ муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамкории гуногунҷабҳаро амалӣ менамояд. Аъзо шудани Тоҷикистон ба чанде аз созмонҳо имкон фароҳам овард, ки мамлакат дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ баробари ба масъалаҳои дохилӣ машғул шудан дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои назаррас гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории гуногунсамтро ба роҳ монданд.

Мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз (22-24 март) дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор гардид ва дар таърихи рушди дипломатияи тоҷик саҳифаи нав боз намуд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба иқдомҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишҳои мухталиф ба роҳ монад.

 АКС: шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Апрель 4, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд
Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид