Тоҷикистон ҳамкории техникӣ ва машваратиро бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият медиҳад

Апрель 17, 2023 11:41

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати идоракунии самараноки  захираҳои байналмилалӣ зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо директори хазинадории Бонки ҷаҳонӣ Тереза Кече ва менеҷери барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоракунии захираҳо»-и Бонки ҷаҳонӣ Ҷорҷ Бентли дар Вашингтон баррасӣ гардид.

Тавре ба  АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мулоқот  дар ҳошияи ҷаласаҳои  баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ  идома ёфта, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо» дар самти расонидани кумакҳои техникӣ ва машваратӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 узви барномаи «Шарикии машваратӣ ва идоранамоии захираҳо» буда,  корҳои назаррасро дар ҳамбастагӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ анҷом дода истодааст. Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи  ҷониби Бонки ҷаҳониро ба идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ бо назардошти вазъӣ бозори молиявӣ ва номуайянӣ дар сиёсати монетарии давлатҳо ҷалб намуд.

Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон омодагии худро ба ҳамкории техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои байналмилалӣ тавассути истифодаи фишангҳои нави бозори молиявӣ ва баланд бардоштани дониш ва малакаи тахассусии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тариқи баргузории машварат ва даврҳои  омӯзишӣ баён намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Апрель 17, 2023 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст