21 май дар Тоҷикистон Дави миллӣ доир карда мешавад

Май 9, 2023 20:02

ДУШАНБЕ, 09.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки  ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, 21 май дар тамоми қаламрави Тоҷикистон  Дави миллӣ доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур 21 май, соати 07:30 тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.

Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад.  Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2023 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Маводҳои таҳлилӣ