Ҳайати «Саноатсодиротбонк» дар ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд иштирок дорад

Май 12, 2023 10:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонк Ҳокимшо Бобозода дар ифтитоҳи Форуми бахши хусусии Бонки исломии рушд (БИР) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.

Ҳамчунин Раиси Раёсати бонк дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии дуҷонибаи Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат, Мудири кишварии Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори генералии Фонди ОПЕК барои рушди байналмилалӣ иштирок намуд.

Ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд то 13 май идома ёфта, дар доираи он баргузории чорабиниҳои гуногун дар назар аст.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

Май 12, 2023 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид