Ҳайати Тоҷикистон баргузории раъйпурсӣ дар Узбекистонро мусбат арзёбӣ намуд

Май 1, 2023 19:44

ДУШАНБЕ, 01.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади қабули тағйиру иловаҳои нав ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозири байналмилалӣ иштирок намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии ҷумҳурӣ.

Дар ин чорабинии сиёсӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок намуд.

Директори марказ зимни суҳбат бо намояндагони расонаҳои хабарии Узбекистон сатҳи баргузорӣ ва нақши ин санади сарнавиштсозро дар таъмини рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Узбекистон мусбат арзёбӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар раъйпурсӣ аз 19414914 нафар, ки ҳуқуқи иштирок дар ин чорабинии сиёсиро дошт, 15802095 нафар иштирок ва раъй дод, ки ин беш аз 80%-ро ташкил медиҳад. Дар асоси тағйиру иловаҳои нав беш аз 65 дарсади матни Конститутсияи амалкунанда тағйир ёфта, шумораи моддаҳои он аз 128 ба 155 ва меъёрҳо аз 275 ба 434 расид.

Бояд тазаккур дод, ки дар Конститутсия принсипи давлатдории  Ҷумҳурии Узбекистон — «мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ» муқаррар карда шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Май 1, 2023 19:44

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст