Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби раиси иҷроияи Комиссияи Аврупо оид ба тиҷорат ва иқтисод Валдис Домбровски баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дар оғоз аз рушди равобит ёдовар шуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Зимни мулоқот ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, иқтисодиёт, рақамикунонӣ, энергетика ва гузариш ба иқтисоди “сабз” дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






