«ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ МАВОДИ НАШЪАОВАР». Дар Душанбе марафони велосипедронӣ баргузор карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар таҳти унвони «Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар» чорабинии пешгирикунандаи зиддинашъамандии марафони велосипедронӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа аз истеъмоли маводи нашъаовар, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ байни наврасону ҷавонон оид ба зарар ва оқибатҳои фоҷеабори он ва тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим гузаронида шуд.
Зимни баргузории марафон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и шаҳри Душанбе ва истгоҳи назди «Сиёма» ба мардуми ҷамъомада варақаҳои иттилоотӣ оид ба зарари маводи мухаддир тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2022 инҷониб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 июн Рӯзи кормандони мақомоти назорати маводи нашъаовар муайян карда шуд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт






