Ба хоҷагиҳои тухмипарварии Бадахшон картошкаи тухмии гурӯҳи элита дастрас гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи «Кроне» ва «Галла» бо иловаи нуриҳои минералӣ ба хоҷагиҳои тухмипарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастрас карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин иқдом дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва амалӣ намудани Стратегияи давлатии таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» амалӣ гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» оид ба тарзи кишти картошкаи тухмӣ ва истифодаи нуриҳои минералӣ, инчунин риояи агротехникаи парвариши он барои хоҷагиҳои тухмипарвар маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ин навъи картошкаи тухмии гурӯҳи элитаи «Кроне» ва «Галла» ҳангоми риояи қоидаҳои агротехникӣ дар аксар минтақаҳои картошкапарварии мамлакат ҳосили фаровон дода, сабади истеъмолии мардумро бо ғизои лазиз таъмин мекунад.
АКС: Вазорати кишоварзии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






