Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе Форуми сармояи инсонӣ ва Фестивали касбу кор доир мешавад
ДУШАНБЕ, 12.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо мақсади рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» Форуми байналмилалии ҷавонон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи он Фестивали касбу кор барпо карда мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд бо намояндагони ширкатҳои давлатӣ ва хусусиву тиҷоратӣ вобаста ба ҷойи кор, имтиёзу бастаҳои иҷтимоӣ ва шароити дигари фаъолият суҳбат намоянд.
Дар он барои аз даст надодани имкони дарёфти кор ва мулоқоти бевосита бо корфармо бояд дар сомонаи расмии www.joikor.tj аз қайд гузашт. Хоҳишмандон метавонанд аз ин саҳифа ширкатҳои зиёдеро, ки ҷойи кор пешниҳод менамоянд, пайдо кунанд ва санаи суҳбатро дар доираи ҳамин фестивал муайян созанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






