Бинои шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан пас аз таъмиру бозсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бинои шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан пас аз таъмиру бозсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Шуъбаи ҷарроҳӣ дорои 50 кат буда, соли 1965 сохта шудааст. Бино то имрӯз таъмири асосӣ нашуда буд ва бо назардошти ин ба навсозӣ фаро гирифта шуд.
Барои иҷрои корҳо аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ равона гардида, шуъбаи ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин мебошад.
Дар маросими баистифодадиҳии иншоот Раиси вилояти Суғд бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр суҳбат намуда, бо ёдоварӣ аз дастгириҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи тиб иброз дошт, ки давлат барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз тамоми имконот истифода мебарад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






