ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» бо «Ҳосилот» ва «Истиқлол» бо «Хатлон» бозӣ мекунад

Май 10, 2023 10:48

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00, ду бозии охири даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

4-5 май дар доираи бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар ҳузури 3 000 мухлис байни ҳам бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 23-юми бозӣ Дилшодҷон Каримов ба нишон расонид. Аз ҳайати дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ Ҷозеф Феумба бинобар дағал бозӣ кардан дар дақиқаи 64-уми вохӯрӣ аз ҷониби довари марказии бозӣ корти сурх гирифта, аз бозӣ берун карда шуд. Дилшодҷон Каримов аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд. Пас аз ин ғалаба дастпарварони Игор Суров ба садри ҷадвали мусобиқот баромаданд. Ҳоло даста дар ҳисоб 13 имтиёз дорад.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе як бозӣ дар ихтиёр дошта, ҳоло бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо 9 имтиёз дар зинаи 4-уми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Фархор аз дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи «Нефтяник» бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 5 бар 1 ғалаба карда буд.

Ҳоло дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастаи «Кӯктош» рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо 13 май дар варзишгоҳи «Нефтяник» доир мегардад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар даври навбатӣ 14 май бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 10, 2023 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд