Дар Душанбе оид ба баланд бардоштани масъулияти ватандӯстии ҷавонон машварат доир шуд
ДУШАНБЕ,02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъулияти ватандӯстӣ ва роҳу усулҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ» машварати илмӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академия.
Дар машварат гуфта шуд, ки соли равон аз ҷониби Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид, ки мақсади асосии он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ҷаҳони муосир бо ҳама нозукиву печидагии худ моро водор месозад, ки дар баробари тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва арзишҳои волои он дар замири шаҳрвандон инчунин барои пешгирии паҳншавии зуҳуроти номатлубе, чун терроризму экстремизм ва хушунату тундгароӣ низ кӯшишу талош ба харҷ диҳем.
Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» моҳи декабри соли сипаригардида доир ба масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва бахусус насли ҷавони мамлакат иброз намуданд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад».
Таъкид гардид, ки хизмати Модар-Ватан барои ҳар ҷавони мамлакат қарзи фарзандӣ ва уҳдадории конститутсионӣ ба ҳисоб меравад ва он тибқи меъёрҳои моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст. Ҷавонон, ки ҳафтод дарсади аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, қувваи созанда ва омили ҳастиву ояндаи давлату миллат мебошанд.
Коршиносону олимон ва иштирокчиён оид ба мавзуи машварати илмӣ андешаронӣ намуда, доир ба масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, роҳу усулҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, масъулияти ватандӯстии ҷавонон ва коркарди роҳу усулҳои муосири муқовимат ба падидаҳои номатлуб ақидаҳои худро иброз доштанд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






