Дар Душанбе тадқиқот доир ба савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ муаррифӣ гардид

Май 24, 2023 13:29

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 май Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти гузаронидаи худро таҳти унвони «Тоҷикистон: Савдои фаромарзӣ дар андозаи гендерӣ» муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумрук.

Дар ҳамоиш муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Озан Севимли ва намояндаи масъули Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томонори Хасегава иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки зимни тадқиқот бо беш аз 400 ширкати савдои  фаромарзӣ ва 31 брокери гумрукӣ мусоҳиба гузаронида шуд. Дар муаррифӣ ҳисобот, бозёфтҳо ва тавсияҳои калидӣ вобаста ба савдои фаромарзӣ пешниҳод гардид. Инчунин дар ҳисобот монеаҳои муайяне баён шуданд, ки соҳибкорон дар соҳаи савдои фаромарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он дучор мешаванд.

Вобаста ба ин таъкид гардид, ки дар оянда зарур аст бо мақсади беҳтар қонеъ гардонидани талаботи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тадбирҳо андешида шаванд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2023 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад