Дар Минск конфронси Иттиҳодияи тоҷикони Беларус доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус 8 май конфронси Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъияти тоҷикон «Сомониён» ва вохӯрии кормандони намояндагии дипломатӣ бо роҳбарият ва аъзои иттиҳодия доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.
Дар конфронс ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Иттиҳодияи байналмилалии ҷамъияти тоҷикон «Сомониён» ва Комиссияи назоратӣ-санҷишӣ интихоб гардид.
Кормандони намояндагии дипломатӣ ба роҳбарияти нави ҳайати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди тоҷикони Беларус ҷиҳати вусъат бахшидани фаъолият дар самти пешбурди фарҳанги миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷамъият пешравӣ таманно намуданд.
Таъкид карда шуд, ки аъзои иттиҳодия дар пешгирии гаравиши ҳамватанон, алалхусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъол бошанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»






