Дар натиҷаи обхезиҳо дар Италия 50 ҳазор хона бе барқ монд
ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сел ва обхезиҳо дар минтақаи Эмилия — Романияи Италия 50 ҳазор манзил бе неруи барқ мондааст, иттилоъ медиҳад АМИТ«Ховар» бо истинод ба «АЗЕРТАҶ».
Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ 150 оташнишон ва 50 техника ҷалб карда шудааст.
Тайи 48 соати охир то 400 амалиёти наҷотдиҳӣ анҷом дода шуда, зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҷойи бехавф кӯчонида шуд. Дар айни замон ин раванд идома дорад.
Дар минтақа ҳушдори сурх эълон гардида, масъалаи эълон намудани вазъияти фавқулода баррасӣ мешавад.
Таъкид карда мешавад, ки давоми 36 соати охир дар ин минтақа меъёри бориши шашмоҳа мушоҳида шудааст.
Умуман 23 дарё зери об монда, 280 ярч ба амал омад ва 400 роҳ баста шудааст. Сатҳи об дар кӯчаҳои баъзе шаҳрҳо аз як метр гузаштааст. Дар натиҷаи сел ва обхезӣ 9 нафар ҳалок гашта, панҷ ҳазор фермаи вилоятро сел зер кардааст. Зарари расида миллиардҳо евроро ташкил медиҳад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
Акс: «АЗЕРТАҶ»








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






