Дар «Наврӯзгоҳ»-и Хуҷанд Рӯзи кӯдакон таҷлил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи идона доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Дар барномаи идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, ятимони кулл, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо ва кӯдакони хушбахти замони истиқлол иштирок менамоянд. Дар идгоҳ озмуну маҳфилҳои гуногун ташкил гардида, қаҳрамонони афсонаҳо ба шодии кӯдакон шарик мегарданд.
Барномаи идона соати 08:00 оғоз шуда, сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд бо фарзандони худ дар он иштирок намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.
Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд






